Дар минтақаи Кӯлоб 59 954 га замин обёрӣ карда шуд

Июль 18, 2021 09:01

КӮЛОБ, 18.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ба истифодабарандагони оби полезӣ дар майдони 59954 га замин тибқи шартномаи тарафайн об дастрас гардид, ки 100%-и нақшаро дар бар мегирад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинов хабар дод.

Зикр шуд, ки сол аз сол шартномаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ бештар мегардад. Дар натиҷаи таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда шуда, нархи маҳсулот дар бозори марказӣ коҳиш меёбад.

Дар минтақаи Кӯлоб 15 адад пойгоҳи обкашии дохилихоҷагӣ бо шумораи 30 адад агрегат фаъолият дошта, ба кишоварзон ба миқдори 174 ҳазору 495 куб оби полезӣ таъмин карда шудааст. Дар ин давра 1689,61 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд, ки аз ин шумора 402,14 км заҳбуру заҳкашҳои байни хоҷагӣ ва 1287,47 км заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагӣ мебошанд.

Баҳри тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 69 адад техникаҳои ёрирасон сафарбар карда шуда, дар мавзеъҳои хавфнок низ корҳои барқарорсозиро идома медиҳанд.

Июль 18, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд