Дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот намуд

Июль 6, 2021 11:22

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи «Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Ню-Йорк, 2023), иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳимми дарпешистода — Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика (High level diаlogue on Energy) ва таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025-ум ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, аҳамият ва саривақтӣ будани он дар шароити имрӯзаи ҷаҳониро таъкид карданд.

Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкорӣ самарабахш баён намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 6, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд