Дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор адад парванда баррасӣ шуд

Июль 22, 2021 16:14

ДУШАНБЕ, 22.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи омўзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки шашмоҳаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ  2081 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалномаи 925 парванда истеҳсолот доир ба 70 парванда қатъ шуда, 110 ариза бебаррасӣ мононда шуд. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Комилӣ иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, дар ин давра  қабули 5 ариза рад ва 341 арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шуданд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 163 ва дар суди марҳилаи назоратӣ 151 парванда баррасӣ карда шуданд.

“Судҳои иқтисодӣ 151 (122) парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуда, доир ба парвандаҳои баррасигардида 172 таъйиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карданд”,- гуфт муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ.

Июль 22, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд