Дар Тошканд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо» Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои омодагиро ба ҷаласаи навбатии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи 2021 дар шаҳри Туркманбошӣ баргузор мегардад, муҳокима карданд.
Зимни ҷаласа омодагӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зич дар самти васеъ кардани муҳтавои Вохӯрии машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳо ва дар чаҳорчӯби он доир намудани Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи истеҳсолкунандагони миллии кишварҳои минтақа, Муколамаи занон-пешвоёни Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳо изҳор гардид.
АКС аз ВКХ ҶТ








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






