Даври нахустини машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн доктор шайх Абдуллоҳ бин Аҳмад Оли Халифа роҳбарӣ намуданд.
Дар машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуда, зарурати баргузории аввалин Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногунро таъкид намуданд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






