Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 14, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 14.07 2021 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2021 мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки аз 1  январи соли равон андозаи музди меҳнати кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба миқдори 5 фоиз зиёд карда шуд. Инчунин омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ  зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод карда шуданд.

Ба зикри мавсуф, иқдоми   мазкур бо мақсади пайравӣ ва дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, барои баланд бардоштани нуфузи эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Июль 14, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд