Хадамоти зиддиинҳисорӣ бахшида ба Иди саиди Қурбон нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ аввалиндараҷаро ба танзим медарорад

Июль 19, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 июл аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Иди саиди Қурбон дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ аввалиндараҷа, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, санҷиши муштарак гузаронида шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Зимни санҷишҳо дар бозорҳо миёни роҳбарият ва соҳибкорон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, нархномаи маҳсулот дар паҳлӯи ҳар намуди маҳсулот овезон карда шуд.

Гузаронидани чунин санҷишҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо сохторҳои маҳаллӣ ва дигар мақомот идома дорад.

Назорати беасос боло бурдани нархҳои маҳсулот мунтазам амалӣ карда шуда, вобаста ба комбудиҳои ошкоргардида тибқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда мешавад.

Июль 19, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд