Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20 июл таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни баргузории маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур, 20 июл соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мешавад.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди Қурбон табрик гуфта, иброз дошт, ки «мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол Иди саиди Қурбон дар мамлакат ба рӯзи сешанбе, 20 июл рост меояд».
Дар анҷоми маҷлис Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯро ва имомхатибонро даъват намуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон- табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.









АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






