Маркази миллии тестӣ: 12 июл даври иловагии ИМД барои довталабон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 05.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда наметавонанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзи 12 июл соли равон доир карда мешавад.
Довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд. Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2021 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда 80 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар даври иловагии он) озоданд: ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд. Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 озоданд ва барои иштирокашон дар қисми дахлдори имтиҳон маблағи хизматрасониро ба андозаи 40 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳамчунин шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 пурра озод аст.
Қабули маблағҳои тавассути барномаи электронии «Қабули пардохтҳо» аз 30 июн то 9 июли соли равон ба роҳ монда мешавад. Инчунин довталабон метавонанд аризаҳои худро дар марказҳои асосии шаҳру ноҳияҳо ё почтаи электронӣ ба Марказ (office@ntc.tj) пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) рӯзи 12 июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
АКС аз бойгонӣ








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






