Миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи Тирмиз созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё баргузор гардид. Зимни мулоқот миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи Тирмиз созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора сардори маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар Комрони Бахтиёр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни мулоқот баррасии масъалаҳо дар самти ҳамкории илмӣ ва пешрафти омӯзиши мутақобила, мусоидат ба ташрифи ҳайати омӯзгорон аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар бо мақсади иштирок дар соҳаҳои тадқиқотии мувофиқашуда, мубодилаи маълумот ва нашри мавод дар нашрияҳои даврии таълимӣ сурат гирифт.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






