НИШАСТИ МАТБУОТӢ: 11 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шуд

Июль 16, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 16.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо анҷом додани амалҳои иҷрои маҷбурӣ вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 341 ҳуҷҷати иҷроро ба маблағи умумии 81,1 млн сомонӣ, 1,3 млн доллари ИМА, 3,4 млн рубли Федератсияи Россия рӯёнидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 77 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 53,8 млн сомонӣ ва 1 млн доллари ИМА барзиёд ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ рӯёнида шудааст. Дар ин бора имрӯз, 16 июл муовини аввали  Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода зимни нишасти матуботии ниҳодашон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон мудири бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамоти иҷро Назирҷон Насимӣ зикр намуд, ки дар бораи тартиби баҳисобгирӣ, пешбурди махзани маълумот, мубодилаи иттилоот ва назорат дар низоми “Идоракунии раводид ва сарҳад” ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 1167 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуда, кор дар ин самт ҷоннок гардид. 11 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуда, маблағҳои қарзӣ аз онҳо ситонида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин давра иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба 247 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон ҷиҳати эълон намудани кофтуков ба  судҳо пешниҳод ирсол намудаанд, ки нисбат ба 181 нафари онҳо кофтуков эълон гардида, 66 пешниҳод дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Июль 16, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд