Ноҳияи Темурмалик: Ба 40 нафар маъюбон ва ниёзмандони ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнобод кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Қурбон ба 40 нафар маъюбон ва ниёзмандони ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик 1 халтагӣ орд, ки маблағи умумии он 9400 сомониро ташкил медиҳад, кӯмак расонида шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии шахсони ниёзманд дар арафаи иду айём роҳандозӣ гардида, тасмим гирифта шуд, ки дар оянда низ чунин амалҳои хайрхона зиёд карда шаванд.
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Иқдоми мазкур бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, аъзои фаъоли Ҳизб, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Саидҷон» Руслан Азимов, намояндагони хоҷагии деҳқонии мазкур Сайвалӣ Иброҳимов ва Суҳроб Азимов амалӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






