Нуриддин Саид: Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар пахши рақамӣ 72 фоизро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давалатии телевизион дар пахши рақамӣ ҳоло 72 фоизро ташкил медиҳад. Фоизи фарогирӣ дар пахши аналогӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» 99,72 фоиз, «Телевизиони Сафина»-92,70 фоиз, «Баҳористон»-89,01 фоиз ва «Ҷаҳоннамо»-78,96 фоиз мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иттилоъ дод.
Мавсуф иброз намуд, ки барои таъмини телевизиони «Илм ва табиат» бо пахши HD фиристандаҳои рақамӣ дар шаҳри Душанбе, дар маҳали Тошработи вилояти Хатлон ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд насб карда шуданд ва ҳоло фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизиони «Илм ва табиат» 51,2 фоизро ташкил медиҳад.
Директори МД «Ҷаҳоннамо» Садриддин Шамсиддинзода вобаста ба пахши рақамӣ иброз намуд, ки «МД «Ҷаҳоннамо» тасмим дорад то охири соли равон пурра ба пахши рақамӣ гузарад».
Зикр шуд, ки МД «Ҷаҳоннамо» дар ин шабу рӯз тавонистааст хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро ба таври фаврӣ пахш намояд. Зеро дар ин муассиса гурӯҳҳои корӣ махсус ба забонҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият доранд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои тадбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Шаҳнавоз», ки 30 июни соли 2021 ба тавсиб расидаанд, аз ҷониби Кумита тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
«Дар Кумита бори аввал даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир карда шуд, ки дар он беш аз 30 нафар кормандони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзида, 10 нафар ба даври дуюми озмуни мазкур мазкур роҳ ёфтанд ва ба комиссияи ноҳиявии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардиданд», — афзуд Нуриддин Саид.








Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад






