Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд

Июль 28, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре маълум гардид, фермаи мазкур ба хотири истеҳсоли гӯшти хушсифат ва таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот дар бозорҳо ташкил шуда, асосан ба парвариши чорвои калон машғул мебошад.

Фермаи нав барои парвариши 200 сар чорвои калони шохдор дар як вақт пешбинӣ шуда, пас аз парвариши яксола аллакай чорво барои забҳ омода мегардад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фермаи мазкур говҳои зоти “Сементал”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидаанд, нигоҳубин карда мешаванд. Ин зоти гов барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории пешакӣ, он метавонад то 1300 килограмм вазн гирад. Барои парвариш ва нигоҳубини дурусти чорво дар ин ҷо мутобиқ ба талаботи муосир имконият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили ферма ва атрофи он, ки барои нигоҳубини чорвои калони шохдор пешбинӣ гардидааст, бо шароити зарурӣ таъмин мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол фермаи мазкур иқтидор дорад то 40 тонна гӯшти хушсифатро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш барорад. Маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва худи ноҳияи Айнӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Қозиев ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти худӣ бунёд ёфта, ҳамчунин барои соҳиби кор шудани 20 нафар сокини ноҳия боис гардид.

Ҷиҳати таъмини чорво бо хӯрок, хусусан дар сардиҳо, дар фермаи мазкур ба таври кофӣ хӯроки чорво захира гардидааст. Аз ҷумла, дар анборҳои нигоҳдории он 40 тонна кунҷора ва 5 ҳазор бастаи (кип) алаф харидориву захира карда шудааст.

Ҳамчунин соҳибкор дар саҳни фермаи нав дар 10 садяк замин гармхона бунёд кардааст, ки маҳсулоти он низ барои таъмини фаровонӣ ба бозор бароварда мешавад. Дар ин қитъаи замин бо тавсияи олимони соҳа асосан бодирингу помидор парвариш меёбад.

Зимни боздид ва шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин фермаҳои гӯштиро дар вазъияти феълӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамчунин барои нигоҳубини дурусти чорво ба кормандони он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин намоиши чорво, ки айни ҳол дар хоҷагиҳои ноҳияи Айнӣ парвариш меёбанд, баргузор карда шуд.

Аҳли заҳмат дар ин тадбир асосан зотҳои гуногуни гов, қутос ва аспро ба намоиш гузошта, аз густариш ёфтани бахши мазкур дар ноҳия иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки айни замон саршумори умумии чорвои калон дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Айнӣ 33 ҳазору 371 сарро ташкил медиҳад ва ин рақам ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар ин баробар, кишоварзон ва хоҷагидорон 134 ҳазору 422 сар моли майдаро нигоҳубин ва парвариш намуда, ба ин васила дар баланд бардоштани истеҳоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ҳиссагузорӣ мекунанд.

Тавре гуфта шуд, иқлим ва обу ҳавои минтақаҳои гуногуни ноҳия барои парвариши қутос мусоид буда, саршумори ин навъи чорво дар ноҳияи Айнӣ ба 1085 сар расонида шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ, чорвопарварони ноҳия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушд, қабули барномаҳои саривақтии соҳавӣ ва дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаашон ба густариши бахши чорвопарварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ҳамеша кӯшиш менамоянд дар таъмини аҳолӣ бо гӯшту шири аълосифат ва афзоиш додани саршумори чорвои калону майда ҳиссагузорӣ намоянд.

Ба истифода додани фермаи чорвопарварӣ дар ноҳияи Айнӣ 28.07.2021

Июль 28, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд