Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур соли 2018 дар деҳаи Саричашмаи деҳоти Гулхона дар майдони 1,36 гектар таъсис дода шуд.
Дар хоҷагӣ беш аз 830 бех ниҳоли себ, гелос, олуи сиёҳ, олуча, хурмо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Соли равон аҳли заҳмат дар заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон пиёз, сирпиёз ва картошка кишт карда, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронида, дар майдони 0,50 гектар қаланфури булғорӣ, қаланфур дар 0,5 гектар, боимҷон дар 0,10 гектар, бодиринг ва каду дар 0,10 гектар, карам дар 0,35 гектар ва дар 0,20 гектар хуроки чорво кишт кардаанд.
Заминҳои ҳудуди хоҷагӣ обёрӣ карда шуда, дар баробари бонавбат сафарбар шудани ҳайати шахсӣ ба парвариш ва нигоҳубини маҳсулот ҳамзамон як нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ ба корҳои боғдорию хоҷагидорӣ ҷалб шудааст.
Заҳмати пайваста ва истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ба нашъунамои хуби зироат замина гузошта, ҳосили дар кишти якум ба дастоварда ҳавасмандии кормандонро ба миён овард.
Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо кормандон талош доранд, то самараи дастранҷи хешро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш диҳанд.
Ҳосили ҷамъоваришуда аз заминҳои ҳудуди хоҷагии ёрирасон дар самти таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал равона карда мешавад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро дар самти истифодаи мақсадноки замин намунавӣ арзёбӣ карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






