Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари обхезиҳои шадид дар натиҷаи боришоти зиёд дар кишвари дӯст, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд.
Аз ҷаноби Президент хоҳиш дорам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Федеративии Олмон бирасонанд.
Ба наздикону пайвандони қурбоншудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифои комил хоҳонам».








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






