Саидсаодат Нодирӣ ба хотири қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон ба роҳбарияти Тоҷикистон изҳори сипос намуд

Июль 16, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

С.Нодирӣ ба хотири қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз роҳбарияти Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд.

Дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонда, илова намуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пешбурди музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон  бошад.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 16, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд