Соли равон аз «Амонатбонк» бештар тоҷирону кишоварзон ва саноатчиён қарз гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз афзоиш ёфтани маблағҳои қарзие, ки ба муштариён пешниҳод мегарданд, хабар медиҳад. Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ намудани якчанд иқдомҳо имсол «Амонатбонк» аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 36 ҳазор муштарӣ беш аз 661,9 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба андозаи 36,7 ва 23 фоиз афз удааст.
Сироҷиддин Икромӣ афзуд, ки аз қарзҳои додашудаи «Амонатбонк» 22,4 фоиз ба соҳаи саноат, 19,9 фоиз ба бахши кишоварзӣ, 18,2 фоиз ба бахши истеъмолӣ, 7,2 фоиз ба сохтмон, 22,7 фоиз ба тиҷорат, 7,3 фоиз ба нақлиёт ва ба дигар хизматрасониҳо, аз қабили сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ 2,3 фоиз рост меояд.
Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






