Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории СҲШ тариқи фосилавӣ дар самти кор бо ҷавонон доир гардид

Июль 8, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ вобаста ба пайгирӣ намудани лоиҳаи Созишнома байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон тариқи фосилавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумита Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, он барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай равона карда шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони котиботи СҲШ, роҳбарияти мақомотҳои ваколатдори давлатҳии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ ва коршиносони соҳа аз ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Покистон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи созишнома дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои СҲШ, ки 16 -17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, барои имзо пешниҳод карда мешавад.

 АКС: аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Июль 8, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд