Зиёда аз 200 нафар хонандагони мактабҳои Хоруғ дар лагерҳои академӣ ба таълиму истироҳат фаро гирифта шудаанд

Июль 24, 2021 09:05

ХОРУҒ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Литсеи Оғохони шаҳри Хоруғ барои 80 нафар хонандагон, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шавқу ҳаваси бештар доранд, лагери академӣ боз намуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар ин лагер бо истифода аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ва бозиҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ба кӯдакону наврасон фанҳои риёзӣ, физика, география ва математикаи зеҳнӣ меомӯзанд.

Ба гуфтаи роҳбари лагери академӣ Ислом Душанбиев, “барои он ки фанҳои дақиқро дурусту комил аз худ кунӣ, омӯзиши ин фанҳоро набояд мавқуф гузорӣ. Бахусус дар овонию кӯдакию наврасӣ, ки ҳанӯз зеҳну ҳофиза қавӣ ва вақту шароит мусоид аст, бештар ба омӯзиши ин гуна фанҳо шуғл варзидан зарур аст. Дар давраи таътили тобистона, ки бештар аз ду моҳ давом мекунад, хонандагон дар баробари истироҳат ду ё се соати вақти худро ҳатман бояд барои мутолиаи китоб ва ё ҳалли масъалаву муодилаҳои математикӣ ҷудо кунанд. Бартарии чунин лагерҳо дар он аст, ки шогирдонашон аз аввали рӯзҳои соли нави таҳсил зуд вориди мавзӯъ ва мундариҷаи фанҳои дарсӣ гардида, нисбат ба дигар ҳамсолони худ на танҳо дар  дарсҳо, балки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ низ пешсаф хоҳанд шуд”.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков гуфт, ки “зиёда аз 100 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр низ ба лагерҳои академии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон фиристонида шуданд. Ба фарқ аз лагери академии назди литсеи Оғохон ин лагерҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз бозиҳои зеҳнию варзишӣ ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ машғул мешаванд. Ба илмҳои дақиқ ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад, ба шарте, ки дар он муассиса омӯзгори баландихтисос ва соҳибтаҷриба фаъолият намояд. Танҳо омӯзгори боистеъдод метавонад завқи хонандагонро ба фанҳои дақиқ бедор созад ва онҳоро бовар кунонад, ки илмҳои дақиқ то кадом андоза барои ояндаашон ва ҳам рушди босуботи кишвар чӣ қадар муҳим мебошанд”.

Ин аст, ки Пешвои миллат дар мулоқоту суҳбатҳояшон бо кормандони соҳаи маориф  пайваста таъкид мекунанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ низ бо истифода аз имконоту захираҳои мавҷуда саъю талош доранд, ки дар амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши арзанда гузоранд.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад