Аз 2 то 7 август Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад

Август 2, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 7 август дар шаҳри Душанбе  Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаҳои мазкур  зиёда аз 60 нафар варзишгарон аз 17 кишвари ҷаҳон: Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии теннис бо ташаббуси Кумитаи кор ба ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон гузаронида мешавад.

Маросими оғози мусобиқаи мазкур имрӯз, соати 17:00  муайян шудааст.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 2, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд