«Нақши китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар ташаккули худшиносии миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Нақши китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар ташаккули худшиносии миллӣ» ва рӯнамоии ҷилди 33-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон ва дӯстдорони каломи бадеъ ҳамоиш доир гардид, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ ва дар рушду ташаккули истиқлоли миллӣ назаррас мебошад. Ҳадаф аз ҳамоиши имрӯза муаррифӣ ва тавзеҳи мавзуҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» мебошад».
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзӯи «Ваҳдат-омили асосии рушди ҷомеа» маърӯза намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки «Ваҳдати миллӣ ва ваҳдати тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони муосир такони ҷиддӣ ба миён овард ва имрӯз онро чун намунаи ибрат сармашқи кори худ қарор додаанд. Воқеан ваҳдат омили асосии рушду нумуи давлат ба ҳисоб меравад».
Иштирокчиён зикр намуданд, ки ваҳдати миллӣ барои тамоми давлатҳо ва ҷомеаҳо муҳимтарин арзиш маҳсуб шуда, омили асосии рушди ҷомеа ва кафолати зиндагии шоистаи мардум аст. Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Хиради зотии халқи мо, миллати некӯманиши мо, ки дар таърих ҳамеша бо сулҳпарварӣ, башардӯстиву инсонгарии худ ном баровардааст, боло гирифту тоҷикон ба ваҳдат омада, имрӯз сарҷамъона барои ободии давлати худ талош доранд.
Таъкид гардид, ки мафҳуми ваҳдати миллӣ ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин мебошад.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён «Китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»- истеҳкомбахши ҳувияти миллӣ», «Ваҳдат-омили асосии рушди ҷомеа», «Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарзои он», «Нақши китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» дар шароити асолати миллӣ», «Арзёбии назариявӣ ва методологии ташаккули мактаби давлатдории миллии тоҷикон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон» ва дигар маърӯзаҳои ироа гардиданд.
Дар хотимаи ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин барои ҳамкории судманд бо Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба як гурӯх фаъолон Сипоснома тақдим гардид.
АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






