Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд

Август 7, 2021 02:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. 6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Вохӯрии машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон аз намоишгоҳи  маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал оварданд.

Аз намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидан карданд.

Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт.

Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон 12 коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнашикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дода, дар ин самт як қатор имтиёзро амалӣ сохт.

Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд карда шуданд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланди истеҳсолӣ расида, бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ низ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ ва армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии “Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо” муаррифӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хоси сайёҳӣ буда, имрӯзҳо имкон дорад теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро  ба маротиб афзун намояд.

Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зебоманзари Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.

Ҳангоми муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ 07.08.2021

Август 7, 2021 02:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон