30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Чорабиниҳои асосии ҷашнӣ дар Душанбе баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чорабиниҳои асосии таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, бо паради ҳарбӣ дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт оғоз ёфтанд.
Дар гузашти низомӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони баландпояи кишвар иштирок намуданд.
Зиёда аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони тоҷик бо раҳпаймоии идона аз хиёбони Рӯдакӣ гузаштанд.
Субҳи фардо дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Субҳи 9 сентябр дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт роҳпаймоии осоишта ва бегоҳ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» намоиши театрикунонидашудаи «Сӣ ситораи дурахшон» бахшида ба 30 -юмин солгарди истиқлолияти мамлакат баргузор мешаванд.
Дар ин чорабиниҳо низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






