Ба Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони №1 ноҳияи Восеъ ҷиҳози таълимӣ туҳфа гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Ҳаёт Одинаев ва дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода барои ҷиҳозонидани хонаи муаллимони мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони № 1, воқеъ дар деҳаи Арали ноҳияи Восеъ як маҷмӯъ маводи таълимӣ (мизи гирди маҷлисгузаронӣ, 7 мизи талабагӣ ва 28 курсӣ) туҳфа карда шуд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Иқдоми мазкур аз сатҳи баланди масъулият ва ғамхории роҳбарони донишгоҳҳои мазкур ва вакилони мардумӣ нисбат ба рушду дастгирии соҳаи маориф ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Дар пояи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи илму маориф ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба хотири таъмини асосҳои давлати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
АКС: Маҷлиси намояндагон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






