Ба шарафи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимии «Нури маърифат» ифтитоҳ шуд
ТУРСУНЗОДА, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози таҳсили солҳои 2021-2022 дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимии «Нури маърифат» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имрӯз аввалин хонандагон ба ин муассиса қадам гузошта, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Тавре котиби матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 500 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дорои кабинетҳои фаннӣ буда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавии дарсӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки зимни гузаронидани дарсҳои амалии хонандагон мусоидат менамояд.
Имрӯз дар маросими тантанавии ифтитоҳи мактаби мазкур раиси шаҳр Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “Рӯзи дониш ҷашни фархунда ба ҳисоб рафта, рӯзи гиромидошти илму фарҳанг, қадрдонии заҳматҳои аҳли маориф ба ҳисоб меравад. Ин сана гувоҳи таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли маориф ва илм мебошад. Хушбахтона, соли нави таҳсил ба давраи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ватани азизамон рост омада, рӯҳияи ободкорию созандагӣ қалби ҳар сокини шаҳрро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи Ватанро азиз медонад, барои соҳибмаърифату соҳибкасб гардидан ва дар рӯҳияи худшиносии миллию ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас бояд саҳми муносиб гузорад”.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова гуфт, ки субҳи имрӯз дар 126 муассисаи таълимии шаҳр бо иштироки 66 ҳазору 386 нафар хонанда соли нави таҳсил оғоз гардид. Мояи шарафу иқболи хонандагону омӯзгорони шаҳри Турсунзода аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни пуршукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла ду муассисаи таълимӣ- Литсей –интернати шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар доираи ин сафар инчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 25, 81, 117 ва ду муассисаи томактабӣ мавриди истифодаи насли наврас қарор гирифтанд. Хушбахтона, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бунёди 135 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ нақшабандӣ гардид, ки то имрӯз 108 синфхона дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида истодааст. Омӯзгорону падару модарон вазифадоранд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати таҳсилу таълиму тарбияи насли наврасро дар сатҳи баланд қарор дода, фарзандони содиқи халқу Ватанро ба камол расонанд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






