Дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони «30 соли рушду пояндагии Истиқлол – самараи ваҳдату якдилӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони «30 соли рушду пояндагии Истиқлол – самараи ваҳдату якдилӣ» бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят ва устодону донишҷӯён Конфронси илмӣ — назариявии вилоятӣ сурат гирифт, хабар дод ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар».
Баъди истиқболи меҳмонон дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии Данғара аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Хайриддин ва ректори донишгоҳ профессор Нуралӣ Шоҳиён бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи пурраи ҳукумати электронӣ ба ҳайати омӯзгории донишгоҳ планшет ва ба кормандони хоҷагидорӣ дучарха туҳфа карда шуд.
Меҳмонон аз намоишгоҳи китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳи давлатии Данғара, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо, инчунин аз намоиши соҳаҳои аграрӣ, сохтмони деҳот, зебосозии шаҳр ва дизайну рассомӣ аз наздик дидан намуданд. Ба меҳмонон аз ҷониби донишҷӯён бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, чинию русӣ лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсионӣ муаррифӣ карда шуданд.
Зимни маърӯза дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ” раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода аз роҳи пурпечутоби даврони 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳар саҳифа китоби давлатдории навини тоҷикон, пур аз қаҳрамонию ҷонфидоӣ ва талошҳои бузургу хастанопазири фарзандони фарзонаи миллат иборат мебошад, ки дар сархати ҳамаи онҳо номи Пешвои миллат зикр шудааст.
«Мо дар иттиҳоду дастҷамъӣ ватани азизи худро обод мекунем, арзишҳои миллию фарҳангиро ҳифз мекунем, ба қадри давлатдорию истиқлолият зери парчами нангу номуси ватандорӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасем», — иброз дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар ҷараёни конфронс ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дар мавзӯи «Андешаҳои сиёсию иқтисодӣ – заминаи рушди иҷтимоиёт дар даврони истиқлолияти давлатӣ», ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар мавзӯи «Пешвои миллат ва рушди босуботи маорифи давраи соҳибистиқлолӣ», шоири ваҳдатсаро, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода дар мавзӯи «Адибон ва 30 соли соҳибистиқлолӣ» ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар мавзӯи «Нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар рушди устувори инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» маърӯза карданд.
Дар конфронс ба меҳмонон китоби устоди Донишгоҳи давлатии Данғара- “Фарзонафарзанди миллат” тақдим гардид. Ҳамчунин ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ фаъолон, адибон, чеҳраҳои сиёсӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Дар рафти конференсия аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бо назардошти таҷрибаи бузурги роҳбарӣ ба собиқадори меҳнат, раиси Шӯрои кӯҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллифи китобҳо, ки муҳтавои онҳо ватану ватандӯстиро дар бар мегиранд, Ғайбулло Авзалов барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Данғара дода шуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳозирин ва Шӯрои олимони донишгоҳ якдилона қабул гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






