Дар Душанбе доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва 30 соли сиёсати хориҷии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир гардид

Сентябрь 30, 2021 17:19

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Имрӯз дар  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30 соли пурбарори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар конференсия мушовири  калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён,  муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Пас аз ифтитоҳи конференсия иштирокдорон дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  ва сиёсати хориҷӣ дар мавзӯҳои «Дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои миллат», «Нақши  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» «Пешвои ватанпарвар ва сулҳофар» ва дигар мавзӯҳои марбут ба 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо намуданд.

Конференсия дар ду баст баргузор гардида, дар фарҷоми он  миёни иштирокдорон оид ба маърузаҳои пешниҳодшуда табодули афкор сурат гирифт.

АКСҲО: ВКХ  ҶТ

Сентябрь 30, 2021 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОФТОБ ДАР ХУРРАМЗАМИН». Таҳти чунин унвон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби нав ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Суғд сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад