Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия баргузор гардид

Сентябрь 6, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба мавзӯъҳои рӯзномаи робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, нақшаи тамосҳои сиёсии дарпешистодаро муҳокима карданд. Ба рушди ҳамкорӣ бо Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ диққати махсус дода шуд.

Ҳамсуҳбатон ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Италияро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонӣ зикр карданд.

Тарафҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон  ва минтақа низ мубодилаи афкор намуда, мавқеи якдигарро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ омодагиро барои идомаи тамосҳо ва машваратҳои ҷонибҳо дар ҳама сатҳҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Италия ва минтақавӣ иброз намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид