Дар Китобхонаи миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 2, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст баргузор мешавад, хеле муҳиму саривақтӣ буда, тадбири мазкур миёни наврасону ҷавонон ва аҳолии кишвар таҳаввулоти ҷиддиеро дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи баргузории ин озмун чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва ҷавонони лаёқатманду забондон кашф гардиданд, ки оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Ин нуктаро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода зимни баргузории ҳамоиш, ки бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони  «Мо ба озмун тайёрем» доир гардид, баён дошт.

Дар ҳамоиш раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода роҷеъ ба имконоту шароити фароҳамовардаи ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлол ҷиҳати ба таълиму илмомӯзӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон изҳори андеша кард. Мавсуф зикр дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба он шароите, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо фароҳам гардидааст,  насли наврас ва ҷавонони моро мебояд аз он самаранок истифода намоянд, бо донишҳои замони муосир мусаллаҳ гарданд, то тавонанд дар рушди минбаъдаи давлатдории миллии мо саҳм гузоранд. Яке аз мақсадҳои асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълон доштани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ маҳз ҳамин аст.

Дар ҳамоиш иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, масъулон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва омӯзгорону кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуда, перомуни муҳимияти баргузории озмун, омодагӣ ба даври ҷумҳуриявӣ, тайёрии иштирокчиён ба давраҳои дар пеш истодаи озмун ва роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт барои мутолиа, тарзи дурусти суолу ҷавоб бо аъзои ҳакамон  ва дигар ҷузъиёти муҳими озмун андешаронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар

Сентябрь 2, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад