Дар Ню-Йорк дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид

Сентябрь 23, 2021 09:50

 ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари вижаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Мудири аршад оид ба Русия ва Осиёи Марказии Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба таҳаввулоти охир дар Афғонистон, аз ҷумла вазъи сиёсию амниятӣ дар ин кишвар табодули назар карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд