Дар Суғд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳпаймоии идона ва чорабинии тантанавӣ доир шуд

Сентябрь 9, 2021 20:36

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2021 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд -маркази маъмурии  вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он беш аз 20 ҳазор нафар иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди иштирокчиёни роҳпаймоӣ сухан гуфта, тамоми сокинони вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик карданд.

 Таъкид карда шуд, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ сокинони мамлакат, аз ҷумла мардуми вилояти Суғд ба дастовардҳои куллӣ муваффақ гардиданд ва вилоят симою тарҳи тоза ба худ гирифт. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, ҳазорҳо километр роҳ, иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд шуда, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардид. Танҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 7 ҳазор иншооти ҷашнӣ бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бунёдкориҳо минбаъд низ идома ёфта, мардум зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзанд.

Дар роҳпаймоии умумихалқӣ намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, ҷавонону варзишгарон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, алоқаву нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сайёҳӣ, ташкилоти молиявӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, занону ҳунармандон, воситаҳои ахбори омма, ҷамъияти матлуботу савдо ва ғайраҳо бо намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ иштирок намуданд.     

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби ин вилоят маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинии идона муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилояти Суғдро табрик намуда, зикр сохт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон мешиносанд. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дастовардҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тӯли ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилоятро табрик намуда, изҳор дошт, ки сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрўз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақияти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати сӣ соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.

Ба тасвиб расидани силсилаи фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари Парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа, сафарҳои Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳо, супориш, дастуру ҳидоятҳои он кас ва андешидани тадбирҳои судманду саривақтӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят барои амалисозии ҳадафҳои давлату Ҳукумат заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистони тозаистиқлол тавонист, ки дар муддати кўтоҳи таърихӣ баҳри таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд, тавассути сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, пойгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард, корхонаҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатии хешро таҳким бахшад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз дастовардҳои вилояти Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, гуфт, ки дар тӯли 30 соли истиқлол, аз ҷумла мардуми вилояти Суғд ба дастовардҳои куллӣ муваффақ гардиданд ва вилоят симою тарҳи тозаеро дар зиндагиву фаъолият ва истеҳсолоту иқтисодиёт ба худ гирифт. Чунончӣ, баҳри пешбурди соҳаи иқтисодиёти вилоят корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Шумораи корхонаҳои саноатӣ, таъмиру сохтмон, аз ҷумла, хусусӣ зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд, ки ин бевосита ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбӣ расониданд.

Дар зарфи 30 — соли Истиқлол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ зиёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот таъсис дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ карда шуданд.

Афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохила аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар давраи истиқлолият нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, хусусан баъди соли 1997 тамоюли рушд гирифт.

Аз солҳои аввали истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини устувории макроиқтисодӣ масъалаҳои таъмини пойдории асъори миллӣ, боздоштани беқурбшавии он, тадриҷан паст кардани таваррум, тақвияти бозори истеъмолӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, таҷдиди сохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, такмили соҳаи буҷети давлатӣ, самаранок намудани фаъолияти мақомоти андозу молия ва бо ин роҳ тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзалияти асосӣ дониста шуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо дар вилоят тӯли солҳои 1991-2020 тамоми захираву имконият сафарбар карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

 Аксҳо аз хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 9, 2021 20:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд
Бонувони Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи Парчами Тоҷикистон иқдоми тарғиботӣ гузарониданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд