Дар Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир шуд

Сентябрь 7, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ«Ховар/. Имрӯз, 7 сентябр  дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Баъд аз  гузориши сардори гарнизони Суғд оид ба омодагии ҷузъу томҳо муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди иштирокчиён сухан гуфтанд.

Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳамсозии шароити зарурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд ва афсарону сарбозон дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозон ва тамоми иштирокдорони чорабиниро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба сокинони вилоят хушбахтиҳои рӯзгор таманно кард.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ ҳамаи тадбирҳои заруриро  меандешанд.

-Мо аз он ифтихор менамоем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд манфиатҳои двлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тақвият пазируфтани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Мо бояд тавре рафтор намоем, то мардуми шарифи тоҷик дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишварро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад,- иброз дошт роҳбари вилоят ва изҳори боварӣ кард, ки хизматчиёни ҳарбӣ- аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро ҳимоя менамоянд.

Дар идома паради низомии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, захираҳои сафарбарӣ, афсарону сарбозони гарнизони Суғд ҷараён гирифта, дар он афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус, қӯшунҳои сарҳадиву хушкигард, курсантони муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, суд ва прокуратура, раёсати  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти иҷро, гумрук, андоз, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 7, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд