Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Фестивал бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 20-24 сентябри соли 2021 дар доираи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021» бори аввал гузаронида мешавад.
Фестивали мазкур кӯдакону наврасонро аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ба ҳам меорад.
Зимни ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Фестивали мазкур нахустин иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстона миёни насли наврас дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, аз сиёсати инсондӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша гирифта, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ аз ҳадафҳои асосии он ба шумор мераванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ доир намудани Фестивали мазкур тамоми чораҳоро пешбинӣ намуда, барномаи онро бо дарназардошти ташкили саёҳату дидорбиниҳо аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, таълимиву маърифатӣ ва муаррифии шоистаи инфорасохтори шаҳрдорӣ ба сифати пойтахти фарҳангӣ ва шаҳри дорои имконоти фарохи рушди кӯдакон омода намудааст.
Пас аз қисмати расмии ифтитоҳи Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» барои иштирокдорони он барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Дар меҳмонии Душанбе» то 24 сентябр идома ёфта, иштирокчиён аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва дигар ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.
Фестивали мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – “Дар меҳмонии Душанбе» ташкил карда шудааст.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






