ФФТ дар шаҳри Хоруғ майдончаи футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

Сентябрь 22, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз як майдончаи футбол ба истифода дода шуд. Ҳадафи ифтитоҳи ин майдонча тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кӯдакону наврасони шаҳр ба футбол мебошад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани майдони нави футболи хурд роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони ФФТ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ибтикори созанда ва бунёди як майдончаи дигари футбол дар шаҳри  Хоруғ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар рушд ва оммавигардонии  футбол дар кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

                                               АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Сентябрь 22, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд