ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






