25-26 дар Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 Юлдуз Усмонова, Арон Афшор ва Ҳамид Ҳирод ҳунарнамоӣ мекунанд

Сентябрь 24, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шоми пагоҳ, 25 сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки ситораи эстрадаи Шарқ  Арон Афшор ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

26 сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки ситораҳои эстрадаи Шарқ Юлдуз Усмонова, Ҳамид Ҳирод ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.

Дар фестивал баҳри фароғату истироҳати иштирокчиён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид. Соли 2020 Фестивали  тобистонаи «Dushanbe Summer Fest» бинобар пандемияи коронавирус лағв карда шуд.

АКС аз  АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 24, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд