Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчами давлатиро дар шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, қомат афрохтани Парчам ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Баъди ба истифода додани Майдони Нишон ва Парчами давлатӣ акнун барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Темурмалик имконияти хуб фароҳам гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии Парчам бо дарназардошти сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 ба 7 метр мебошад.
Корҳои бунёдкорӣ дар Боғи Парчами давлатӣ соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек ва наҷибона хонданд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 2600 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, дар шафати он 3 фаввораи замонавӣ ва 82 чароғаки равшанидиҳанда насб шудаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона хеле зебо ба назар мерасанд.
Ҷиҳати зебою назаррабо гардидани Боғи Парчами давлатӣ 500 ниҳоли ҳамешасабзи арча, 200 дарахти ороишии маҳаллӣ ва хориҷии навъҳои “Магнолия”, “Клён” ва “Каштан” шинонида шуда, атрофи Парчам бо деворнигораҳои замонавӣ иҳота гардидааст, ки инъикоскунандаи расму оинҳои миллӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд, баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Темурмалик идома дорад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






