S7 Airlines миёни Махачқалъа-Душанбе ва Хуҷанду Кӯлоб парвозҳои мустақим ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда ширкати ҳавопаймоии Русия S7 Airlines («Сибир») миёни пойтахти Ҷумҳурии Доғистони Русия – шаҳри Махачқалъа ва 3 шаҳри Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб парвозҳои мустақим ба роҳ монад.
Тавре директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, баъди ба созиш расидани мақомоти авиатсионии ду кишвар парвозҳо аз шаҳри Махачқалъа ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба роҳ монда мешаванд.
Парвозҳо аз Махачқалъа ба Душанбе рӯзҳои панҷшанбе, соати 22:20 ба вақти Москва ва аз Душанбе ба Махачқалъа соати 23:20 ба вақти Душанбе (01:20 ба вақти Москва) сурат мегиранд. Ҳамин тавр, парвозҳо аз Махачқалъа ба Кӯлоб рӯзҳои ҷумъа, соати 08:20 ба вақти Москва ва парвози баргашт соати 09:50 ба вақти Душанбе (11:50 ба вақти Москва) сурат гирифта, ҳар шоми ҷумъа соати 19:15 ба вақти Москва ҳавопаймои «Сибир» аз маркази Доғистон ба шаҳри Хуҷанд парвоз намуда, аз онҷо ба Махачқалъа соати 20:15 ба вақти Душанбе (22:15 ба вақти Москва) бозгашт менамояд.
Акс аз АМИТ «Ховар»








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






