Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо имконоти клиникаҳои сайёр шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо имконияти клиникаҳои сайёр шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо имконоти клиникаҳои сайёр, ки воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дар он ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ — индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошад, шинос шуд.
Дар маҷмӯъ, шумораи нақлиёт 27 ададро ташкил дода, бо инобати минтақаҳои Тоҷикистон дастрас карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонида шуда буд. Ин кӯмак аз ҷониби «Муассисаи шоҳ Абдуллоҳ оид ба имдод ва кӯмакҳои башардӯстона» тавассути Бонки исломии рушд тақдим гардидааст.
Ҳамчунин дар доираи барномаи мазкур барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба клиникаи сайёр ва таъмини хизматрасониҳои тиббӣ воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасон барои клиникаҳои сайёр низ пешбинӣ карда шудааст.
Ба хотири сари вақт ташхис ва муолиҷа кардани сокинони мамлакат як нуқта дар шаҳри Душанбе барои пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми дигари клиникаҳои сайёр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд сафарбар карда мешавад.
Нахуст фаъолиятро табибони ватанӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони варзидаи шарикони рушд ба роҳ мемонанд.
Дастрас намудани дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ, шароити зарурӣ ва мутахассисони варзидаи соҳавӣ имкон медиҳад, ки сари вақт сокинон ба ташхис ва муолиҷа фаро гирифта шуда, бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт дар маҳалли худ солимиашонро барқарор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд намуда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.
Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд, ки аз шумораи умумии кормандон 68 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки клиникаҳои сайёр бо инобати шумораи аҳолӣ ва имконияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар карда шуда, дар онҳо ба сокинон хизмати тиббии сатҳи баланд расонида шавад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст






