Шоҳасари «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат ба сокинониноҳияи Бобоҷон Ғафуровтақдим гардид, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Дар толори Гимназияи №1 — и шаҳраки Ғафуров аввалин нусхаҳои туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»- ро муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукмина Сафарзода ба Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, раисони ҷамоату шаҳрак ва собиқадорони барӯманди соҳаҳои мухталифи ҷомеа тақдим намуд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода гуфт, ки ин тадбири судманд, яъне ба ҳар оила туҳфа намудани китоби «Тоҷикон» баафзун намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ифтихори ватандорӣ, тарбияи олии ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстию ватандорӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу маънавӣ, побарҷову қавӣ нигоҳ доштани озодиву истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ мусоидат менамояд.
Шоҳасари «Тоҷикон»ганҷинаи нодири миллати тоҷик буда, бо гузашти солҳо арзиши бебаҳои худро боз ҳам афзун намуда истодааст. Итминон дорем, ки ин шиносномаи миллат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт. Зеро дар он таърихи натанҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст.
Зафарбек Давлатзода ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар оилаи ноҳия расонидани 63 940 нусха китоби «Тоҷикон» — и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дастур дод.
АКС: аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






