Тоҷикистон аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор медонад
ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Муколамаи мазкур, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш танзим гардид, барои баррасии дурнамо ва имкониятҳо ҷиҳати суръат бахшидани кӯшишҳо барои таъмини энергияи дастрасу тоза барои ҳама заминаро фароҳам овард.
Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ аҳамияти дастрасӣ ба энергияро воситаи калидии расидан ба Ҳадафи 7 рушди устувор таъкид намуда, ба ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баланд оид ба иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар ин самт маълумот дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






