ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар ифтитоҳи бинои мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода, ректорони муассисаҳои олии кишвар ва кормандони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар иштирокдорон ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр намуд, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.
Бинои мазкур тибқи нақша дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс иборат буда, барои 850 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои бинои таълимӣ сафолакпӯш гардида, чароғакҳои равшанидиҳанда ва нишастгоҳҳо насб шудаанд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, дар он асосан масолеҳи сохтмонии баландсифати истеҳсоли ватанӣ истифода бурда шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич бинои муассисаи таълимии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва 38 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Инчунин муассиса аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат буда, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сомониён-1» иҷро гардидаанд.
Ҳамчунин муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 14 адад компютер, 2 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.
Росровут деҳаи дурдасттарини ноҳияи Деваштич ба ҳисоб рафта, бинои якуми муассисаи мазкур соли 2014 барои 400 ҷойи нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ











Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






