Барандагони ҷоиза ба хотираи Нобел оид ба иқтисодиёт Кард, Ангрист ва Имбенс гардиданд

Октябрь 11, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи Бонки давлатии Шветсия ба хотираи Алфред Нобел миёни иқтисоддони канадагӣ-амрикоӣ Дэвид Кард ва муҳаққиқон аз Амрико Ҷошуа Ангрист ва Гвидо Имбенс тақсим карда шуд. Дар ин бора Кумитаи Нобели Академияи илмҳои Шоҳигарӣ 11 октябр хабар дод.

Ҷоиза ба Кард барои «саҳми таҷрибавии ӯ дар иқтисоди меҳнат» дода мешавад. Aнгрист ва Имбенс нимаи дуюми ҷоизаро «барои саҳми методӣ дар таҳлили муносибатҳои сабабу натиҷа» мегиранд.

Аз соли 1901 инҷониб ҷоизаи Нобел 603 маротиба дода шудааст. 934 нафар ва 28 ташкилот барандаи он шуданд, ки 86-тои он ба соҳаи иқтисод рост меояд.

Маросими мукофотсупорӣ 10 декабр, дар рӯзи марги Нобел баргузор мешавад. Одатан маросим дар филармонияи Стокҳолм баргузор мешавад, ки дар он барандагони ҷоизаҳо аз дасти шоҳи Шветсия медали тиллоро бо тасвири асосгузори ҷоиза ва диплом мегиранд.

Соли дуюм аст, ки бинобар пандемия маросим ба таври онлайн баргузор мешавад. Аз ин рӯ, барандагон медалҳо ва дипломҳоро дар ватан тавассути сафоратхонаҳои Шветсия дар кишварҳои гуногун ё аз дасти ҷоизадорони собиқ мегиранд.

Ҳаҷми таркиби пулии ҷоизаи Нобел дар ҳар номина имсол мисли пешина 10 миллион крон (1,14 миллион доллар бо қурби феълӣ) хоҳад буд.

АКС аз Кумитаи Нобел

Октябрь 11, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад