БА ТАВАҶҶУҲИ МУҲОҶИРОН! Дар Москва бо мақсади пешгирӣ аз Сovid-19 маҳдудият ҷорӣ шуд

Октябрь 29, 2021 15:27

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз  28 октябр то 7 ноябри соли равон  дар қаламрави шаҳри Москва бо мақсади  пешгирӣ аз бемории коронавирус — Сovid-19 маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар давраи маҳдудият тарабхонаҳо, қаҳвахона, толорҳои варзишӣ, боғи ҳайвонот, ҳаммом, боғу гулгаштҳо, кошонаи ҳусн, сартарошхона, спа-толорҳо, нуқтаҳои маҳсгарӣ, марказҳои савдо, кинотетрҳо, театр, толорҳои фарҳангӣ, сирк, бозорҳо тартиби кори хешро иваз намуда, маҳдудияти корӣ ҷорӣ менамоянд. Дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Москва низ,  ба истиснои Фудсити муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои «Москва», «Садовод», «Тёплий Стан», «Южний ворота» маҳдудият пурра ҷорӣ карда шуда, танҳо минтақаҳои фурӯши хӯрокворӣ иҷозати фаъолият доранд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Каримҷон Салимзода.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар сохтмонҳои шаҳри Москва маҳдудияти корӣ ҷорӣ карда нашуда, танҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолияти корӣ ва рафту омад ба ҷойи кор пурзӯр карда мешаванд. Дар давраи маҳдудият дар шаҳри Москва дорухонаҳо, беморхона, клиникаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, марказҳои фурӯши хӯрокворӣ фаъолият намуда, дар тарабхона, ошхона, қаҳвахонаву фудкордҳо танҳо шуъбаи хизматрасонии дастраснамоӣ (доставка) фаъолият менамояд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони мамлакат даъват менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани солимии худ қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё пеш омадани мушкилӣ метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират  дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи  2-юми  Тверская — Ямская, бинои  40\3,  қатори  1, бинои  201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Рақамҳои зерин пайваста фаъол буда, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо рақамҳои зерин дар тамос шаванд. 1. ш.Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202; 2. ш.Санкт-Петербург:+7(964)3737501; 3. ш.Екатеринбург:+7(982) 739 8998; 4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161; 5. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88; 6. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548; E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

Аксхо аз манбаъҳои боз

Октябрь 29, 2021 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»