Беҳтарин муаллимони ГИТИС дар кишварҳои ИДМ дарс мегузаронанд ва ба наздикӣ ба Душанбе меоянд

Октябрь 18, 2021 12:21

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  19-21 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таълимии касбӣ дар асоси санъати саҳнавӣ аз рӯи усули К.Станиславский бо номи «УСУЛИ СТАНИСЛАВСКИЙ» машғулияти омӯзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора намояндагии Маркази илмию фарҳангии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Дар доираи лоиҳаи муштараки «Россотрудничества» ва Донишкадаи санъати театрии Русия беҳтарин устодони ГИТИС аз кишварҳои ИДМ, Осетияи Ҷанубӣ ва Юнон дидан мекунанд.

Масири сафари академӣ Бишкек, Боку, Брест, Гомел, Ереван, Гюмри, Душанбе, Алмато, Тошканд, Кишинёв, Схинвалро дар бар мегирад.

Машғулияти омӯзишӣ дар заминаи театрҳои касбӣ ва академияҳои санъати театрӣ гузаронида мешаванд.

Мавзӯъҳои дарсҳо бо дарназардошти зарурат коркард шудаанд. Худи иштироккунандагони лоиҳа муайян кардаанд, ки кадоме аз самтҳо ва маълумот дар бораи системаи васеи театрии К.Станиславский барои онҳо мувофиқтар хоҳад буд.

Дар пойтахти Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оид ба вокал барои ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Давоми 3 рӯз курси такмили ихтисосро профессори ГИТИС, омӯзгори Консерваторияи давлатии Москва, Ҳунарманди халқии Русия Олег Кулко мегузаронад. Дар солҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣ муаллим солисти Театри опера ва балети ба номи Т.Шевченко, Театри Калони Русия ва «Метрополитен опера» будааст.

Аксҳо аз манбаъҳои боз

Октябрь 18, 2021 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд