ДАР ҶАҲОН КӮДАКОН БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ЭМ КАРДА МЕШАВАНД. Оё ин дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст?

Октябрь 7, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар хориҷа ноболиғонро ҳанӯз аз охири баҳор ваксина  мекунанд. Дар тӯли панҷ моҳ дар бисёр кишварҳо беш аз нисфи наврасони аз 12-сола боло эм карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, маъракаи ваксинатсия дар ҳама ҷо бо роҳҳои гуногун идома дорад: дар ҷое онҳоро танҳо дар сурати мавҷуд будани бемориҳои музмин эм мекунанд, дар ҷои дигар танҳо як воя ваксина истифода мекунанд ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто кӯдакони дусоларо ҳам эм мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо такя ба ТАСС.

Дар ИМА, Канада, Исроил, Италия ба наврасон аллакай ваксинаи зидди коронавирус гузаронида мешавад.

Дар моҳи май танзимкунандагон дар Иёлоти Муттаҳида ва Канада аввалин шуда, ваксинаи «Pfizer-BioNTech»-ро барои наврасони аз 12-сола боло тасдиқ карданд.

Дар Иёлоти Муттаҳида маъракаи эмгузаронии ноболиғон пас аз авҷ гирифтани бемории намуди делта оғоз ёфт ва тақрибан аз нисф зиёди наврасон аллакай дар ин кишвар ваксинатсия карда шудаанд. Ба онҳо бо фосилаи се ҳафта ду тазриқ гузаронида мешавад. Моҳи сентябр Pfizer — BioNTech натиҷаҳои мусбати озмоишҳои ваксина миёни кӯдакони 5-11 -соларо эълон кард. Интизор меравад, ки Вазорати тандурустии Канада метавонад қабл аз Соли нав истифодаи ин ваксинаро дар ин синн тасдиқ кунад. Исроил, ки охири моҳи июн ба ваксинакунонии наврасони синни 12 шурӯъ кард, барои эмгузаронии афроди аз 4-сола боло омодагӣ мегирад. Кишвар танҳо интизори ваксинаи Pfizer барои ин синн аз ҷониби танзимгари амрикоист.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаровимрӯз дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи он ки оё эм кардани кӯдакону наврасонро дар нақша доранд, гуфт, ки «не, ин ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст. Аввалан, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл нашр шудааст, эмкунӣ зидди бемориҳои сироятӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Сониян, дар тибби муосир пазируфта шудааст, ки ҳамаи чунин маъракаҳо, аз қабили эмкунӣ, махсусан барои кӯдакон, тибқи тавсияҳои СУТ, ки ба таҷриба, омор, натиҷаҳои таҳқиқоти клиникӣ ва маълумоти эпидемиологӣ асос ёфтаанд, гузаронида мешаванд».

Ёдовар мешавем, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  аввали моҳи августи соли равон тавсияҳо оид ба пешгирии коронавирусро нав карда, наврасони 12-17-соларо ба рӯйхати гурӯҳҳои аҳолӣ, ки ба ваксинаи зидди COVID-19 ниёз доранд, шомил намуд.

Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, имрӯз ваксинаи зидди коронавирус ягона роҳи боэътимод ва  пешгирии бемории COVID-19 маҳсуб мешавад. Шахсоне, ки ваксинаи зидди сирояти коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ё муассисаҳои тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Эмкунӣ барои шаҳрвандони кишвар ройгон мебошад.

 АКС: 40a.media

Октябрь 7, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид