Дар Душанбе Намоиши техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзии Русия доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти унвони «Рӯзи саҳрои Русия ва Тоҷикистон» намоиши техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Русия, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «Росспетсмаш» баргузор гардид. Танзимгари намоишгоҳ Ҷамъияти Саҳомии «ЭКСПОСЕНТР» мебошад.
Зимни баргузории намоиш гуфта шуд, ки мошинсозони Русия ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон манфиатдоранд.
Намоишгоҳ ба кишоварзони тоҷик имкон дод, ки бо назардошти хусусияти иқлим ва заминаи кишоварзии кишвар бо техника ва технологияҳои муосири кишоварзии Русия шинос шаванд, шахсан вохӯрда, тавсияҳо ва хусусияти техникиро баррасӣ намуда, шароити муфиди харидорӣ ба даст оранд.
Миёни иштирокчиёни русиягии намоишгоҳ ҳам бузургтарин истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ ва ҳам корхонаҳои хурди инноватсионӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия муаррифӣ шуданд.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






