Дар Душанбе таҳти унвони «30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» ҳамоиш доир шуд

Октябрь 12, 2021 14:48

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «30соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши мазкур  намояндагони ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, варзишгарон ва донишҷӯёну волонтёрон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода  иброз дошт, ки имрӯз ба таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.

«Ҳоло масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади ба марҳилаи нави давлатдорӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷалб кардани қувваи ҷавонон кӯшиш ба харҷ  медиҳанд. Имрӯз дар тамоми  шаҳру ноҳияҳои мамлакат филиалҳои иттифоқ расман ба қайд гирифта шуда, фаъолияти босамар доранд. Ҳоло иттифоқ дорои 72 филиал, 937 намояндагӣ ва 70445 аъзои расмӣ мебошад.  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон давоми 30 соли фаъолияти худ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро мунтазам дастгирӣ карда, ба ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва таъмини нақши устувори ҷавонони тоҷик дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон ҳамовозӣ намояд»,- афзуд Абдулло Раҳмонзода.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён  30-солагии таъсиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонон муборакбод гуфта, Паёми Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  ҳозирин ироа намуд.

«Тайи 30 соли истиқлолият  ҷавонони кишвар дар амри расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат  ба маҷмӯи дастовард, ташаббусу корномаҳои  ҷавононро пайваста таҳсин мехонанд  ва ба фаъолияти ҷавонони мамлакат баҳои баланд  дода, эътимоди қавӣ доштанашонро ба онҳо иброз менамоянд. Сарвари давлат шумо, ҷавононро пайравони асили хеш ҳисобида, ба шумо боварии комил доранд, -зикр намуд Матлубахон Сатториён.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳадафи худро иштирок дар тарбияи насли наврас, мусоидат ба пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии зиддият ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддин муқаррар намудааст.

Имрӯз роҳбарияти ИҶТ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки обрӯ ва нуфузи ин созмонро ҳамчун ниҳоди инъикоскунандаи иродаи ҷавонони кишвар барои марҳилаҳои минбаъда боло барад. Дар ин росто бори аввал дар дастгоҳи марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрии иттифоқ кормандон бо штати корӣ ва маоши хуб  таъмин шуда, ба фаъолият оғоз намуданд.

Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қосим Роҳбар аз солҳои аввали таъсисии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки  дар он давраҳо вазъи сиёсии кишвар ноором буда, парокандагӣ ба назар мерасид.

«6 августи соли 1994 Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Аввалин шуда дар ҷумҳурӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо як овоз номзадии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Ин пешниҳод аз ҷониби банда садо дод. Шиори онвақтаи мо, ҷавонон ин «Президенти мо – Эмомалӣ Раҳмон», «Асри 21 бо Эмомалӣ Раҳмон» буд.  Имрӯз вақт исбот намуд, ки мо ба мақсади худ расидем»,- иброз дошт Қосим Роҳбар.

Ба зикри Қ. Роҳбар, Пешвои миллат аз рӯзи аввали фаъолият  ба кадрҳои ҷавон бовар карда, аз ҳамон вақт  инҷониб иқдомҳои наҷиби ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии хеш мунтазам иброз менамуданд, ки ҷавонон ва неруи созандаи онҳо барои ояндаи давлату миллат заруранд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён ба кулли ҷавонони мамлакат изҳороти дастҷамъона қабул карда шуд.

АКСҲО аз Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш

Октябрь 12, 2021 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд