Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт

Октябрь 13, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли равон,  навобаста ба таъсири манфӣ ва оқибатҳои пандемияи коронавирус тавонист истеҳсоли маҳсулоти саноатиро афзоиш диҳад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар тӯли ин давра саноатчиёни Хатлон зиёда аз 7 млрд тонна маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондиҳанда дар соли қаблӣ ба 6 млрд 7млн 332 ҳазор баробар буд.

Нисбат ба соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ 90,5%  афзоиш ёфт, ки 413880,0 ҳазор долларро ташкил дод.

«Баҳри рушди иқтисоди вилоят 1 млрд 704 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 15,4 млрд сомониро ташкил дод. Дар вилоят инчунин хоҷагии кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва парандапарварӣ низ бештар рушд намуда истодааст. Имсол дар масоҳати 131 ҳазору 792 гектар кишти дубора гузаронида шуд. 265 хоҷагии моҳипарварӣ 812,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд»,-зикр намуд манбаъ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид